Дарёфти таппонча ва наздики 37 кг маводи мухаддир
Душанбе, 16.04.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- Аз ҷониби кормандони Раёсати таҳқиқи Вазорати корҳои дохилӣ зимни гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар рӯ ба рӯ тарабхонаи «Шаҳриёр», шаҳрванд Ятимов Ҷамолиддин Олимович, соли таваллудаш 1994, сокини ноҳияи Панҷ ҳамчун гумонбар дар ғайриқонунӣ нигоҳ доштани маводи мухаддир дастгир шуд. Дар ин бора маркази матбуоти ВКД хабар медиҳад. Ҳамчунин манбаъ иттилоъ медиҳад, ки дар вақти кофтукови манзили муваққатии истиқоматии номбурда, воқеъ дар кӯчаи Муҳаммадиеви пойтахт, 34 кг 420 грамм маводи нашъадори ҳашиш, 2 кг 280 грамм маводи нашъадори афюн ва 1-адад тапончаи тамғаи Макаров бо 6 дона тир дарёфт ва мусодира гардид. Бояд зикр намуд, ки вазни умумии маводи нашъадор 36 кг 700- граммро ташкил медиҳад. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






