Дастгирии тарбиятгирандагони интернати Поршнев

Апрель 15, 2014 08:57

 
    Хоруғ, 15.04.2014. (АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).- Бо кумаки молии Созмони  амнияту ҳамкорӣ  дар Аврупо ва ташкилоти ҷамъиятии «Умедвор»  тарбиятгирандагони   интернати наздимактабии таҳсилоти миёнаи умумии рақами дувоздаҳуми ба номи Шириншох Шотемур, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Поршнев соҳиби 42  кати хоби замонавӣ гардиданд.  
    Интернати мазкур 45 нафар кӯдакони оилаҳои ниёмандро  аз ҳамаи ноҳияҳои ВМКБ ба таълиму тарбия  фаро гирифтааст. Бино ба гуфтаи мудири интернати наздимактабӣ Зулфия Давлатқадамова  дар таълимгоҳ таълиму тарбия мутобиқи замон роҳандозӣ шуда, хонандагон дар озмуну олимпиадаҳои  мактабӣ, шаҳрӣ ва вилоятию ҷумҳуриявӣ фаъолона  ширкат варзида,  мақомҳои намоёнро ба даст меоранд.   
     Чанд соли охир катҳои хоби кӯдакону наврасон фарсуда гаштанд, аз ин рӯ роҳбарони ташкилоти «Умедвор» интернатро бо катҳои нави  хоб таъмин намуданд.
 

Апрель 15, 2014 08:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик