Дастгирии тарбиятгирандагони интернати Поршнев
Хоруғ, 15.04.2014. (АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).- Бо кумаки молии Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо ва ташкилоти ҷамъиятии «Умедвор» тарбиятгирандагони интернати наздимактабии таҳсилоти миёнаи умумии рақами дувоздаҳуми ба номи Шириншох Шотемур, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Поршнев соҳиби 42 кати хоби замонавӣ гардиданд.
Интернати мазкур 45 нафар кӯдакони оилаҳои ниёмандро аз ҳамаи ноҳияҳои ВМКБ ба таълиму тарбия фаро гирифтааст. Бино ба гуфтаи мудири интернати наздимактабӣ Зулфия Давлатқадамова дар таълимгоҳ таълиму тарбия мутобиқи замон роҳандозӣ шуда, хонандагон дар озмуну олимпиадаҳои мактабӣ, шаҳрӣ ва вилоятию ҷумҳуриявӣ фаъолона ширкат варзида, мақомҳои намоёнро ба даст меоранд.
Чанд соли охир катҳои хоби кӯдакону наврасон фарсуда гаштанд, аз ин рӯ роҳбарони ташкилоти «Умедвор» интернатро бо катҳои нави хоб таъмин намуданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






