Даъвати Тоҷикистон ба Форуми дуюм

Апрель 3, 2014 10:58

Душанбе, 3.04.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Мулоқоти вазири рушди иқтисод ва савдо Шариф Раҳимзода бо ҳайати намояндагони Бонки ҷаҳонӣ таҳти роҳбарии Намояндаи доимии бонки мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Марша Олив дар Душанбе баргузор гардид.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо атрофи Форуми дуюми Осиёи Миёна оид ба масъалаҳои тағйироти иқлим: «Дар роҳи муваффақгардии устувории минтақавӣ ба тағйироти иқлим», ки баргузории он 13-15 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон дар назар аст, мубодилаи афкор намуда, чорабинии мазкурро муҳим ва манфиатнок ҳисобиданд.
Вобаста ба ин дар доираи ин чорабинӣ 15 май ҷаласаи сатҳи баланд дар мавзӯи «Таҳияи барномаҳои миллӣ ва минтақавӣ оид ба таъмини устуворӣ ба тағйироти иқлим барои Осиёи Миёна» гузаронида мешавад, ки ба он ҷиҳати ширкат намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ҳайати Бонки ҷаҳонӣ расман даъват шудаанд. 
 
 
 
 

Апрель 3, 2014 10:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе