Диплом шаҳодати соҳибкасбӣ нест

Апрель 11, 2014 15:18

 
Душанбе, 11.04.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Дирӯз раиси ноҳияи Мастчоҳ Мирзо Аҳмадзода бо донишҷӯёни муассисаҳои олии вилояти Суғд, ки аз ин ноҳия мебошанд, мулоқоти судманд анҷом дод.
Тавре, ки сардори Маркази иттилоот ва таҳлили раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Маъмури Юсуфзод иттилоъ дод, вохӯрӣ бо мақсади ҷалби хатмкунандагони риштаи омӯзгорӣ ба макотиби ноҳия сурат гирифта, ҳадаф беҳтар намудани таълиму тарбияи насли наврас мебошад.
Мирзо Аҳмадзода гуфт, ки имрӯз аз 1 ҳазору 467 нафар омӯзгори ноҳия 513 нафараш маълумоти миёнаи махсус дорад. Ба толибилмон омӯзгорони ғайриихтисос дарс медиҳанд, ки ин боиси нигаронӣ ва ташвиш гардидааст. Имрӯз ноҳия ба  302 нафар омӯзгори тахассусманд эҳтиёҷ дорад, ки ба ҷойи онҳо аз рӯй ихтисосҳои гуногун ба ном омӯзгорон ба таълим фаро гирифта шудаанд.
Муовини ректори донишгоҳ Абдулфаттоҳ Раҳимов зикр намуд, ки ду моҳ инҷониб вохӯрии раисони шаҳру навоҳии вилоят бо донишҷӯён-хатмкунандагони ихтисосҳои омӯзгории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ҷараён дорад. Дар ин мулоқотҳо масоили гуногуни шароити будубоши мутахассисони ҷавон, имтиёзҳои муқарраргардида, имконият ва захираҳои шаҳру ноҳияҳо баррасӣ мегарданд. Ин тадбир имконият медиҳад, ки робитаи донишгоҳ бо шаҳру навоҳии вилоят дар ҷабҳаи тайёр намудани мутахассисони баландихтисос боз ҳам қавӣ гардад. Яке аз ҳадафҳои тайёр намудани мутахассисон дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров- ин пеш аз ҳама таъмини онҳо бо ҷойи кори доимӣ дар маҳалли зисташон мебошад. Соли равон 33 нафар донишҷӯи ин ноҳия аз тариқи буҷавӣ риштаи омӯзгориро хатм менамояд.
Дар мулоқот донишҷӯён ба раиси ноҳия доир ба мушкилот пешниҳодоти судманди хешро манзур намуданд. Мирзо Аҳмадзода ба як гурӯҳ донишҷӯёни фаъолу камбизоат ифтихорномаву туҳфа ва кӯмакҳои молии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро супорид.
 
 

Апрель 11, 2014 15:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик