Диплом шаҳодати соҳибкасбӣ нест
Душанбе, 11.04.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Дирӯз раиси ноҳияи Мастчоҳ Мирзо Аҳмадзода бо донишҷӯёни муассисаҳои олии вилояти Суғд, ки аз ин ноҳия мебошанд, мулоқоти судманд анҷом дод.
Тавре, ки сардори Маркази иттилоот ва таҳлили раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Маъмури Юсуфзод иттилоъ дод, вохӯрӣ бо мақсади ҷалби хатмкунандагони риштаи омӯзгорӣ ба макотиби ноҳия сурат гирифта, ҳадаф беҳтар намудани таълиму тарбияи насли наврас мебошад.
Мирзо Аҳмадзода гуфт, ки имрӯз аз 1 ҳазору 467 нафар омӯзгори ноҳия 513 нафараш маълумоти миёнаи махсус дорад. Ба толибилмон омӯзгорони ғайриихтисос дарс медиҳанд, ки ин боиси нигаронӣ ва ташвиш гардидааст. Имрӯз ноҳия ба 302 нафар омӯзгори тахассусманд эҳтиёҷ дорад, ки ба ҷойи онҳо аз рӯй ихтисосҳои гуногун ба ном омӯзгорон ба таълим фаро гирифта шудаанд.
Муовини ректори донишгоҳ Абдулфаттоҳ Раҳимов зикр намуд, ки ду моҳ инҷониб вохӯрии раисони шаҳру навоҳии вилоят бо донишҷӯён-хатмкунандагони ихтисосҳои омӯзгории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ҷараён дорад. Дар ин мулоқотҳо масоили гуногуни шароити будубоши мутахассисони ҷавон, имтиёзҳои муқарраргардида, имконият ва захираҳои шаҳру ноҳияҳо баррасӣ мегарданд. Ин тадбир имконият медиҳад, ки робитаи донишгоҳ бо шаҳру навоҳии вилоят дар ҷабҳаи тайёр намудани мутахассисони баландихтисос боз ҳам қавӣ гардад. Яке аз ҳадафҳои тайёр намудани мутахассисон дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров- ин пеш аз ҳама таъмини онҳо бо ҷойи кори доимӣ дар маҳалли зисташон мебошад. Соли равон 33 нафар донишҷӯи ин ноҳия аз тариқи буҷавӣ риштаи омӯзгориро хатм менамояд.
Дар мулоқот донишҷӯён ба раиси ноҳия доир ба мушкилот пешниҳодоти судманди хешро манзур намуданд. Мирзо Аҳмадзода ба як гурӯҳ донишҷӯёни фаъолу камбизоат ифтихорномаву туҳфа ва кӯмакҳои молии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро супорид.








22 июл дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, агентиҳои назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Аз 21 то 23 июл дар Тоҷикистон ҳавои номусоид ва бориши борон дар назар аст
МегаФон Тоҷикистон дастрасии муштариёнро ба онлайн-кинотеатри Wink боз намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар Данғара таҳти унвони «Ҷомеаи солим маҳсули оилаи солим аст» иқдоми маърифатӣ доир шуд
4945 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар маҳал бартараф карда шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад






