Ду мактаби нав бо 5000 ҷойи нишаст

Апрель 17, 2014 14:21

Душанбе, 17.04.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). —  Солҳои охир дар шаҳри Ваҳдат 7 бинои нави таълимӣ ва 144 синфхонаи иловагӣ бо зиёда аз 10 ҳазору 600 ҷойи нишаст ба истифода дода шуда, ҳоло сохтмони се мактаб идома дорад ва тибқи нақша то оғози соли нави хониш ду мактаби нав барои қариб 5000 ҷойи нишаст дар ду баст ба истифода дода мешавад.
Сарвари Давлат  рӯзи 15 апрел дар ҷараёни сафараш ба шаҳри Ваҳдат санги асоси сохтмони бинои мактаби нави таҳсилоти умумиро гузошт, ки бо харҷи беш аз 21 миллион сомонӣ барои 2480 нафар хонанда дар ду баст бунёд мегардад.
Инчунин корҳои лоиҳакашии сохтмони боз як мактаби нав дар мавзеи Истиқлолият барои 1280 ҷойи нишаст ва таъмиру навсозии дигар мактабҳое, ки аз офати табиӣ осеб дидаанд,  дар арафаи анҷомёбӣ қарор доранд.
 
 
 
 

Апрель 17, 2014 14:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик