Ду мактаби нав бо 5000 ҷойи нишаст
Душанбе, 17.04.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Солҳои охир дар шаҳри Ваҳдат 7 бинои нави таълимӣ ва 144 синфхонаи иловагӣ бо зиёда аз 10 ҳазору 600 ҷойи нишаст ба истифода дода шуда, ҳоло сохтмони се мактаб идома дорад ва тибқи нақша то оғози соли нави хониш ду мактаби нав барои қариб 5000 ҷойи нишаст дар ду баст ба истифода дода мешавад.
Сарвари Давлат рӯзи 15 апрел дар ҷараёни сафараш ба шаҳри Ваҳдат санги асоси сохтмони бинои мактаби нави таҳсилоти умумиро гузошт, ки бо харҷи беш аз 21 миллион сомонӣ барои 2480 нафар хонанда дар ду баст бунёд мегардад.
Инчунин корҳои лоиҳакашии сохтмони боз як мактаби нав дар мавзеи Истиқлолият барои 1280 ҷойи нишаст ва таъмиру навсозии дигар мактабҳое, ки аз офати табиӣ осеб дидаанд, дар арафаи анҷомёбӣ қарор доранд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






