Дурнамои фаъолияти Ассотсиатсияи миллии волонтёрон

Апрель 2, 2014 10:49

Душанбе, 2.04.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Пагоҳ, 3-юми апрели соли ҷорӣ дар бинои Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ оид ба таъсис ва муаррифии дурнамои фаъолияти Ассотсиатсияи миллии волонтёрони Тоҷикистон баргузор мегардад
Ёдрас мекунем, ки 20-уми феврали соли равон бо ташаббуси Иттиҳодияи ташкилотҳои ҷавонони Тоҷикистон (ба он 117 ташкилот аъзост) ва шаш ташкилоти ҷамъиятӣ бо мақсади рушду такомули фаъолияти волонтёрӣ ва фароҳам овардани шароитҳо барои дар амал татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ» Ассотсиатсияи миллии волонтёрони Тоҷикистон (Ассотсиатсия) таъсис дода шуд.
Ҳадафи асосии Ассотсиатсия ба беҳдошти вазъи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, бахусус дастрасии гурӯҳҳои осебпазир ба шуғлнокӣ, таҳсилот, саломатӣ ва таъминоти иттилоотӣ ва ҳуқуқӣ ва мусоидат барои иштироки фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ дар демократикунонии ҷомеа бо роҳи рушди ҳаракати волонтёрӣ дар кишвар нигаронида шудааст.
Дар ин бора аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
 
 
 

Апрель 2, 2014 10:49

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд