Душанбе ва Остона -тавсеаи равобити парлумонӣ
Душанбе, 18.04.2014.(АМИТ “Ховар”, Марзия Саидзода).- “Байни Тоҷикистону Қазоқистон 70 созишномаи байнидавлатӣ ба имзо расидааст, ки ин санадҳо заминаи муносиботи гуногунсоҳаи Душанбе ва Остонаро тақвият мебахшанд”, -гуфт зимни мулоқоташ раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳури Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо Кабибулло Ҷакупов- раиси палатаи поёнии Парлумони Қазоқистон дар Санкт-Петербург.
Мусоҳибон бо дахли масоили марбут ба ҳамкориҳои парлумонӣ зикр карданд, ки ҷиҳати тақвияти ин ҳамкориҳо бояд сафарҳои ҳайати парлумонии ҳар ду кишвар ба роҳ монда шавад. Он имкон медиҳад, то таҷрибаи ҳамдигар дар самти таҳия ва омода намудани қонун ва дигар санадҳо омӯхта шавад.
Ш. Зуҳуров зикр кард, ки Тоҷикистон нисбат ба Қазоқистон назари некбинона дорад. Зикр гардид, ки алҳол дар Тоҷикистон беш аз 40 корхонаи муштараки Тоҷикистону Қазоқистон фаъолият дорад. Моро лозим аст, ки имкониятҳои мавҷудаи иқтисодии кишварҳоямонро бештар истифода барем, таъкид кард раиси палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон.
Мусоҳибон ҳамзамон масоили марбут ба тавсеаи ҳамкориҳо дар доираи созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, иқтисод, энергетика, кишоварзӣ, илму фарҳанг, техника ва авзои минтақаро баррасӣ карданд. Дар фарҷоми мулоқот Кабибулло Ҷакупов аз Шукурҷон Зуҳуров даъват ба амал овард, ки дар фурсати барояш муносиб ба Қазоқистон сафар намояд.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе






