Душанбе ва Остона -тавсеаи равобити парлумонӣ

Апрель 18, 2014 16:09

             Душанбе, 18.04.2014.(АМИТ “Ховар”, Марзия Саидзода).- “Байни Тоҷикистону Қазоқистон 70 созишномаи байнидавлатӣ ба имзо расидааст, ки ин санадҳо заминаи муносиботи гуногунсоҳаи Душанбе ва Остонаро тақвият мебахшанд”, -гуфт зимни мулоқоташ раиси Маҷлиси намояндагони  Маҷлиси Олии Ҷумҳури Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо Кабибулло  Ҷакупов- раиси палатаи поёнии Парлумони Қазоқистон дар Санкт-Петербург.
           Мусоҳибон бо дахли масоили марбут ба ҳамкориҳои парлумонӣ зикр карданд, ки ҷиҳати тақвияти ин ҳамкориҳо бояд сафарҳои ҳайати парлумонии ҳар ду кишвар ба роҳ монда шавад. Он имкон медиҳад, то таҷрибаи ҳамдигар  дар самти таҳия ва омода намудани қонун ва дигар санадҳо омӯхта шавад.
           Ш. Зуҳуров зикр кард, ки Тоҷикистон нисбат ба Қазоқистон назари некбинона дорад. Зикр гардид, ки алҳол дар Тоҷикистон беш аз 40 корхонаи муштараки Тоҷикистону Қазоқистон  фаъолият дорад. Моро  лозим аст, ки имкониятҳои мавҷудаи иқтисодии кишварҳоямонро бештар истифода барем, таъкид кард раиси палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон.
            Мусоҳибон ҳамзамон масоили марбут ба тавсеаи ҳамкориҳо дар доираи созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, иқтисод, энергетика, кишоварзӣ, илму фарҳанг, техника ва авзои минтақаро баррасӣ карданд. Дар фарҷоми мулоқот  Кабибулло Ҷакупов аз Шукурҷон Зуҳуров даъват ба амал овард, ки дар фурсати барояш муносиб ба Қазоқистон сафар намояд.

Апрель 18, 2014 16:09

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 14 август дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд