Дуздӣ ба маблағи 53 ҳазор сомонӣ
Душанбе, 11.04.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- Дар натиҷаи гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар шаҳри Ваҳдат бо гумони дуздӣ шаҳрвандон Баҳром Азизов, соли таваллудаш 1987 ва Маҳмадназар Исмоилов, соли таваллудаш 1989, сокинони ноҳияи Ваҳдат дастгир шуданд. Номбурдагон шаби 4 ба 5 апрели соли 2014 ба тариқи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматии шаҳрванд Файзалӣ Исмоилов, соли таваллудаш 1973, ворид гардида, аз дохили ҷевон 10 000 доллари амрикоӣ, 15 ҳазор рубли русӣ ва 2 адад телефони мобилӣ, ки маблағи умумиашон 53 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб заданд.
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, тафтиш идома дорад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






