Э. Раҳмон: Ба содироти пилла боҷи содиротӣ ҷорӣ шавад!
Душанбе, 24.4.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ). — Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 23 апрел дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ ба вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав ва кишоварзӣ ба масъалаҳои ташкили истеҳсоли маҳсулоти ниҳоии пахтагӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла меваю сабзавот, истихроҷи маъдан ва коркарди сангҳои қиматбаҳо, металлҳои ранга ва дигар маҳсулоти ба содирот нигаронидашуда таваҷҷуҳи махсус зоҳир намоянд ва доир ба иҷрои ҳатмии барномаҳои қабулшуда тадбирҳои судманд андешанд.
Аз ҷумла Сарвари давлат , бо мақсади таъмини иҷрои барномаҳои соҳавӣ, аз ҷумла доир ба рушди саноати сабук ва махсусан коркарди пурраи нахи пахта, инчунин дастгирии минбаъдаи соҳибкории истеҳсолӣ, баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат, ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ аз ҳисоби афзоиш ёфтани арзиши иловашуда, муҳимтар аз ҳама, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум пешниҳод намуд, ки андоз аз фурӯши нахи пахта ба боҷи содиротӣ аз он иваз карда шуда, ба содироти пилла ҳамчун ашёи хом боҷи содиротӣ ҷорӣ карда шавад.
«Ин имконият медиҳад, ки ҳавасмандӣ ба коркарди нахи пахта ва пилла дар дохили кишвар афзун гардида, таъмини бозори дохилӣ беҳтар шавад, содироти маҳсулоти тайёр ба хориҷи кишвар афзоиш ёбад ва ҳазорҳо ҷойи нави корӣ муҳайё гардад»,-афзуд Эмомалӣ Раҳмон.








SIM ё eSIM: чаро муштариён кортҳои электрониро интихоб мекунанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд






