Э. Раҳмон: Ба содироти пилла боҷи содиротӣ ҷорӣ шавад!

Апрель 24, 2014 11:26

Душанбе,  24.4.2014. (АМИТ «Ховар»,  Лайло Тоирӣ). —  Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 23 апрел дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ ба вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав ва кишоварзӣ  ба масъалаҳои ташкили истеҳсоли маҳсулоти ниҳоии пахтагӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла меваю сабзавот, истихроҷи маъдан ва коркарди сангҳои қиматбаҳо, металлҳои ранга ва дигар маҳсулоти ба содирот нигаронидашуда таваҷҷуҳи махсус зоҳир намоянд ва доир ба иҷрои ҳатмии барномаҳои қабулшуда тадбирҳои судманд андешанд.
Аз ҷумла Сарвари давлат , бо  мақсади таъмини иҷрои барномаҳои соҳавӣ, аз ҷумла доир ба рушди саноати сабук ва махсусан коркарди пурраи нахи пахта, инчунин дастгирии минбаъдаи соҳибкории истеҳсолӣ, баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат, ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ аз ҳисоби афзоиш ёфтани арзиши иловашуда, муҳимтар аз ҳама, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум пешниҳод намуд, ки андоз аз фурӯши нахи пахта ба боҷи содиротӣ аз он иваз карда шуда, ба содироти пилла ҳамчун ашёи хом боҷи содиротӣ ҷорӣ карда шавад.
«Ин имконият медиҳад, ки ҳавасмандӣ ба коркарди нахи пахта ва пилла дар дохили кишвар афзун гардида, таъмини бозори дохилӣ беҳтар шавад, содироти маҳсулоти тайёр ба хориҷи кишвар афзоиш ёбад ва ҳазорҳо ҷойи нави корӣ муҳайё гардад»,-афзуд Эмомалӣ Раҳмон.
 
 
 
 
 
 

Апрель 24, 2014 11:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!