Э. Раҳмон: Нархи манзилҳои истиқоматӣ арзон мегардад

Апрель 23, 2014 14:47

Душанбе, 23.04.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). —  Ҳамасола барои хариди масолеҳи сохтмон, аз ҷумла семент, аз хориҷи мамлакат то 5 миллиард сомонӣ харҷ карда мешавад, дар ҳоле ки барои ба роҳ мондани истеҳсоли семент, дигар навъҳои масолеҳи сохтмонӣ ва пурра қонеъ намудани талаботи дохилии кишвар бо ашёи хом, қувваи корӣ, умуман, ҳамаи шароити зарурӣ мавҷуд аст.
Ҳоло мо бунёди чандин корхонаҳои истеҳсоли сементро бо иқтидори умумии зиёда аз 6 миллион тонна дар як сол дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни кишвар ба нақша гирифтаем ва бовар дорем, ки бо ҳамин роҳ на танҳо талаботи дохилӣ қонеъ гардонида мешавад, балки имкони содироти он низ ба вуҷуд меояд,-гуфт Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 23 апрел дар Паёми худ  ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Э. Раҳмон иброз намуд, ки рушди ин соҳа имкон медиҳад, ки сохтмон вусъат пайдо карда, боз ҳазорҳо ҷойи нави корӣ муҳайё шавад ва муҳимтар аз ҳама, хароҷоти сохтмон, аз ҷумла нархи манзилҳои истиқоматӣ арзон гардад.
 
 

Апрель 23, 2014 14:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик