Э. Раҳмон: Нархи манзилҳои истиқоматӣ арзон мегардад
Душанбе, 23.04.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Ҳамасола барои хариди масолеҳи сохтмон, аз ҷумла семент, аз хориҷи мамлакат то 5 миллиард сомонӣ харҷ карда мешавад, дар ҳоле ки барои ба роҳ мондани истеҳсоли семент, дигар навъҳои масолеҳи сохтмонӣ ва пурра қонеъ намудани талаботи дохилии кишвар бо ашёи хом, қувваи корӣ, умуман, ҳамаи шароити зарурӣ мавҷуд аст.
Ҳоло мо бунёди чандин корхонаҳои истеҳсоли сементро бо иқтидори умумии зиёда аз 6 миллион тонна дар як сол дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни кишвар ба нақша гирифтаем ва бовар дорем, ки бо ҳамин роҳ на танҳо талаботи дохилӣ қонеъ гардонида мешавад, балки имкони содироти он низ ба вуҷуд меояд,-гуфт Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 23 апрел дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Э. Раҳмон иброз намуд, ки рушди ин соҳа имкон медиҳад, ки сохтмон вусъат пайдо карда, боз ҳазорҳо ҷойи нави корӣ муҳайё шавад ва муҳимтар аз ҳама, хароҷоти сохтмон, аз ҷумла нархи манзилҳои истиқоматӣ арзон гардад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






