Э.Раҳмон: «Поквиҷдонона ва софдилона кор бояд кард»
Душанбе, 23.04.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Дар 7 соли гузашта тамоюли иҷтимоии буҷети давлатӣ ҳифз гардида, ҳаҷми хароҷот барои соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ ва дигар соҳаҳои иҷтимоӣ ҳар сол ба ҳисоби миёна ба андозаи 35 % афзоиш ёфт ва 23 миллиард сомониро ташкил дод. Дар 7 соли оянда бо ин мақсад барои ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағдорӣ беш аз 70 миллиард сомонӣ равона мешавад.
«Барои расидан ба ҳадаф поквиҷдонона ва софдилона кор кардан лозим аст. Расидан ба ин ҳадафҳо бе таъмин намудани рушди минбаъдаи бахши воқеии иқтисод ва рақобатпазирии он, инчунин дар асоси имконияту захираҳои табиии кишвар такмил додани сохтори иқтисодии миллӣ ғайриимкон аст»,-афзуд Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ҳукумати Тоҷикистон барои ҳалли пурраи масъалаҳои таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбаси коммуникатсионӣ ва ҳифзи амнияти озуқавории кишвар аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода карда, дар ин ҷода ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.
Дар 7 соли оянда, яъне то соли 2020 ҷиҳати расидан ба ин ҳадафҳои стратегиамон аз ҳисоби буҷет ва ҷалби сармоя сафарбарсозии беш аз 35 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






