Э. Раҳмон: Таҳсили ҷавонон нишондиҳандаи умедбахш аст
Душанбе, 5.04.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Дирӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар қасри фарҳанги Арбоби шаҳри Хуҷанд бо намояндагони ҷавонони лаёқатманди вилояти Суғд мулоқот намуд.
Дар мулоқот масоили вобаста ба таълиму тарбияи босифати насли наврас, бунёд ва навсозию таҷҳизи муассисаҳои таҳсилотӣ сухан гуфта, ҳамзамон иброз намуд, ки садҳо нафар хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилояти Суғд дар хориҷи кишвар, аз ҷумла қариб сӣ нафар тибқи Спитендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дурахшандагон” таҳсил карда истодаанд, ки ин нишондиҳандаи умедбахш аст.
Президенти мамлакат бо ёдоварӣ аз дастовардҳои илмии ҷавонон қайд намуд, ки фаъолияти илмии олимони ҷавони вилоят низ сол ба сол чашмрас гардида, миёни онҳо чанд нафар ба мукофоти олии соҳа- Ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ сазовор шудаанд, ки боиси таҳсину ифтихор мебошанд.
Дар идомаи суханронии хеш Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки бо вуҷуди дастовардҳо, ҳанӯз ҳам дар соҳаи маорифи вилоят камбудиву норасоиҳо ва масъалаҳои ҳалталаб мавҷуданд, аз ин рӯ мо мушкилоти соҳаро амиқан дарк мекунем ва барои рафъи мушкилоти ҷойдошта пайваста кӯшишу талош дорем ва онҳоро дар ояндаи наздик зина ба зина бартараф хоҳем кард.
Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати маориф ва илм, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, дигар вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро дастур дод, ки доир ба рафъи мушкилоти мавҷуда мунтазам чораҷӯӣ карда, ҳангоми таҳияи барномаҳои давлатӣ ва минтақавӣ дар дурнамо бояд талаботи воқеии маҳалҳоро ба мутахассисон, хусусан мутахассисони ҷавон ба инобат гирифта, барои таъсис додани ҷойҳои нави корӣ чораҳои зарурӣ андешанд.








Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд






