Э. Раҳмон: Таҳсили ҷавонон нишондиҳандаи умедбахш аст

Апрель 5, 2014 11:32

Душанбе, 5.04.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Дирӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар қасри фарҳанги Арбоби шаҳри Хуҷанд бо намояндагони ҷавонони лаёқатманди вилояти Суғд мулоқот намуд.
Дар мулоқот масоили вобаста ба таълиму тарбияи босифати насли наврас, бунёд ва навсозию таҷҳизи муассисаҳои таҳсилотӣ сухан гуфта, ҳамзамон иброз намуд, ки садҳо нафар хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилояти Суғд дар хориҷи кишвар, аз ҷумла қариб сӣ нафар тибқи Спитендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дурахшандагон” таҳсил карда истодаанд, ки ин нишондиҳандаи умедбахш аст.
Президенти мамлакат бо ёдоварӣ аз дастовардҳои илмии ҷавонон қайд намуд, ки фаъолияти илмии олимони ҷавони вилоят низ сол ба сол чашмрас гардида, миёни онҳо чанд нафар ба мукофоти олии соҳа- Ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ сазовор шудаанд, ки боиси таҳсину ифтихор мебошанд.
Дар идомаи суханронии хеш Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки бо вуҷуди дастовардҳо, ҳанӯз ҳам дар соҳаи маорифи вилоят камбудиву норасоиҳо ва масъалаҳои ҳалталаб мавҷуданд, аз ин рӯ мо мушкилоти соҳаро амиқан дарк мекунем ва барои рафъи мушкилоти ҷойдошта пайваста кӯшишу талош дорем ва онҳоро дар ояндаи наздик зина ба зина бартараф хоҳем кард.
Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати маориф ва илм, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, дигар вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро дастур дод, ки  доир ба рафъи мушкилоти мавҷуда мунтазам чораҷӯӣ карда, ҳангоми таҳияи барномаҳои давлатӣ ва минтақавӣ дар дурнамо бояд талаботи воқеии маҳалҳоро ба мутахассисон, хусусан мутахассисони ҷавон ба инобат гирифта, барои таъсис додани ҷойҳои нави корӣ чораҳои зарурӣ андешанд.
 

Апрель 5, 2014 11:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд