Э. Раҳмон: Таъминкунандаи пешрафту ояндаи мамлакат- соҳаи маориф
Душанбе, 17.03.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).-«Яке аз самтҳои калидӣ ва таъминкунандаи пешрафти ояндаи мамлакат соҳаи маориф буда, барои бунёди инфрасохтори замонавии таълиму тарбия ва мутобиқсозии раванди таълим ба меъёрҳои ҷаҳонии таҳсилот мо тамоми имкониятҳои худро сафарбар кардаем, зеро ки соҳаи маориф ояндаи миллат ва давлатро тарбия мекунад»,- гуфт Сарвари мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо роҳбарону фаъолони шаҳри Ваҳдат.
Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон зикр намуд, ки солҳои охир дар шаҳри Ваҳдат 7 бинои нави таълимӣ ва 144 синфхонаи иловагӣ бо зиёда аз 10 ҳазору 600 ҷойи нишаст ба истифода дода шуда, ҳоло сохтмони се мактаб идома дорад ва тибқи нақша то оғози соли нави хониш ду мактаби нав барои қариб 5000 ҷойи нишаст дар ду баст ба истифода дода мешавад.
Сарвари Давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки омӯзгорону устодони ҳамаи муассисаҳои таҳсилотӣ зарур аст, ки дар ҷараёни таълим кӯшиш намоянд, то мактабро танҳо барои гузаронидани машғулиятҳои фаннӣ маҳдуд накарда, дар баробари таълим ба масъалаи тарбияи ҳамаҷонибаи ҷавонону наврасон, бахусус ба тарбияи ватандӯстӣ ва баланд бардоштани ҳисси миллии онҳо эътибори аввалиндараҷа диҳанд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






