Э.Раҳмон: Татбиқи иқтисоди миллӣ-рушди босуръати энергетика
Душанбе, 05.04.2014 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Яке аз самтҳои асосие, ки дар марҳалаи кунунӣ барои татбиқи муваффақонаи ҳадафҳои миллӣ нақши калидӣ дорад, рушди босуръати соҳаи энергетикаи кишвар мебошад, — гуфт Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар маросими оғози бунёди хатти интиқоли барқи «Қайроққум – Ашт».
Ба иттилои Эмомалӣ Раҳмон таъмин намудани пешрафти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа, таъмини рушди устувору босуботи иқтисоди миллӣ, яъне таҳкими иқтидори иқтисодии мамлакат бидуни тараққӣ додани соҳаи энергетика ғайриимкон аст.Маҳз ба ҳамин хотир, мо бунёди нерӯгоҳҳои хурду бузурги барқи обӣ, сохтмони зеристгоҳҳо ва кашидани хатҳои интиқоли барқи баландшиддат, инчунин таҷдиду азнавсозии иншооти соҳаи энергетикаро, ки даҳсолаҳо хизмат кардаанд, торафт вусъат дода истодаем.
«Қобили зикр аст, ки бунёди хатти интиқоли барқи 500 — киловолтаи «Ҷануб — Шимол» ба хеле беҳтар шудани вазъи иқтисодии вилояти Суғд ва шароити зиндагии аҳолӣ мусоидат намуда, дар натиҷаи бунёди ин иншооти ҳаётан муҳим кишварамон дорои шабакаи ягонаи энергетикӣ гардид. Дар робита ба ин, масъулони соҳаро зарур аст, ки корҳои таъмиру таҷдид ва бунёди иншооти энергетикии ба нақша гирифташударо дар шаҳру ноҳияҳои дигари мамлакат идома дода, барои ҳалли саривақтии масъалаҳои ҷойдоштаи соҳа тадбирҳои зарурӣ андешанд», — таъкид кард Эмомалӣ Раҳмон.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






