Эмомалӣ Раҳмон : Омӯзгор дар ҷомеаи мо мақоми хосса дорад

Апрель 23, 2014 14:21

Душанбе, 23.04.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Омӯзгор дар меҳвари соҳаи маориф қарор дорад ва сатҳу сифати дониши шогирдон ва тарбияи шоистаи онҳо маҳз ба донишу таҷриба, малакаву маҳорати касбӣ, усули таълим ва дигар паҳлӯҳои фаъолияти шахсии омӯзгор вобастагии зич дорад,- гуфт Сарвари Давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ  дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олӣ.
Ҳамчунин  зикр гардид, ки соли гузашта Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» дар таҳрири нав қабул гардид ва дар ин қонун нахустин бор ба мақоми омӯзгор боби алоҳида бахшида шуд.
Президенти мамлакат  таъкид намуд, ки мо бори дигар нишон додем, ки омӯзгор дар ҷомеаи мо мақоми хосса дорад.
Тибқи ин қонун барои  омӯзгорон имтиёзҳои зиёде пешбинӣ шудаанд ва ман аз тамоми масъулини Ҳукумат ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ талаб менамоям, ки иҷрои бечунучарои муқаррароти қонуни мазкурро таъмин созанд, — таъкид намуд Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон.

Апрель 23, 2014 14:21

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд