Файзобод: 235 гектар боғи нав бунёд мешавад
Душанбе, 21.04.2014. (АМИТ «Ховар», Назир Назиров).-Шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Файзобод дар давоми фаъолияти соли 2014 корҳои зиёди ободонӣ, созандагӣ ва кабудизоркуниро ба сомон расонид. Дар 9 ҷамоати ноҳия дар моҳи январ 14 ҳазор ниҳол шинонида шуд, ки аз ин 7 ҳазораш ниҳоли мевадиҳанда ва 4 ҳазор сояафкан буда, 1,5 ҳазор ниҳол дар шаҳрак шинонда шуд. Тибқи нақша дар ноҳия бояд 92 ҳазор ниҳол шинонида шавад. То имрўз 83 ҳазору 872 ниҳол шинонида шудааст. Инчунин бунёди 235 гектар боғи нав ба нақша гирифта шудааст, ки аллакай 60 гектари он бунёд ёфтааст ва 66 гектар боғи кўҳна аз нав барқарор гардид.
Дар ҷамоати Қалъаи дашт 120 га боғи нави замонавӣ бунёд мешавад. Рўзи 10 -уми апрел Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар кушодашавии ин боғи замонавӣ иштирок карда, ниҳоли аввалинро шинонд. Ҳоло дар ин боғ корҳо хуб ҷараён доранд.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе






