Файзобод: 235 гектар боғи нав бунёд мешавад

Апрель 21, 2014 15:50

Душанбе, 21.04.2014. (АМИТ «Ховар», Назир Назиров).-Шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Файзобод дар давоми фаъолияти  соли 2014  корҳои зиёди ободонӣ, созандагӣ ва кабудизоркуниро ба сомон расонид. Дар 9 ҷамоати ноҳия дар моҳи январ 14 ҳазор ниҳол шинонида шуд, ки  аз ин 7 ҳазораш ниҳоли мевадиҳанда ва 4 ҳазор сояафкан буда, 1,5 ҳазор ниҳол дар шаҳрак шинонда шуд. Тибқи нақша дар ноҳия бояд 92 ҳазор ниҳол шинонида шавад. То имрўз 83 ҳазору 872 ниҳол шинонида шудааст. Инчунин бунёди  235 гектар боғи нав ба нақша гирифта шудааст, ки аллакай 60 гектари он бунёд ёфтааст ва 66 гектар боғи кўҳна аз нав барқарор гардид.
Дар ҷамоати Қалъаи дашт 120 га боғи нави замонавӣ бунёд  мешавад. Рўзи 10 -уми апрел Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар кушодашавии ин боғи  замонавӣ иштирок карда, ниҳоли аввалинро шинонд. Ҳоло дар ин боғ корҳо хуб ҷараён доранд.  

Апрель 21, 2014 15:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Академияи сайёҳии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Тартуи Эстония Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд