«Фарҳанги истилоҳоти чорводории яғнобӣ»

Апрель 24, 2014 15:31

Душанбе,  24.4.2014. (АМИТ «Ховар»,  Мавҷуда Анварӣ). —   «Фарҳанги истилоҳоти чорводории яғнобӣ»- таҳти чунин унвон китоби нави муҳаққиқи тоҷик, номзади илмҳои филологӣ Гулмурод Неъматов аз чоп баромад. Китоби мазкур бо ибтикори ташкилоти ҷамъиятии «Маркази омӯзиш, таҳқиқ, тарҷума ва нашри адабиёти ҷаҳон» дар нашриёти «Ирфон» ба нашр расид.
Шодӣ Шокирзода, муҳаррири масъули китоб иброз намуд, ки фарҳанги мазкур тафсири беш аз 540 калимаю ибораи соҳаи чорводории яғнобиро бо забони тоҷикӣ дар бар мегирад. Дар он маънои ҳар як калимаю ибораи фразеологӣ низ шарҳу эзоҳ ёфта, ҳамчунин баъзе калимаю ибораҳои ин ё он соҳа ки бевосита ба соҳаи чорводорӣ иртибот доранд, дохил шудаанд. Фарҳанг барои доираи васеи муҳаққиқони таърихи забон, луғатшиносӣ, мардумшиносӣ, эроншиносон ва барои ҳамаи онҳое, ки ба забони яғнобӣ дилбастагӣ доранд пешбинӣ шудааст.
 
 
 
 
 
 
 

Апрель 24, 2014 15:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик