«Фарҳанги истилоҳоти чорводории яғнобӣ»
Душанбе, 24.4.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — «Фарҳанги истилоҳоти чорводории яғнобӣ»- таҳти чунин унвон китоби нави муҳаққиқи тоҷик, номзади илмҳои филологӣ Гулмурод Неъматов аз чоп баромад. Китоби мазкур бо ибтикори ташкилоти ҷамъиятии «Маркази омӯзиш, таҳқиқ, тарҷума ва нашри адабиёти ҷаҳон» дар нашриёти «Ирфон» ба нашр расид.
Шодӣ Шокирзода, муҳаррири масъули китоб иброз намуд, ки фарҳанги мазкур тафсири беш аз 540 калимаю ибораи соҳаи чорводории яғнобиро бо забони тоҷикӣ дар бар мегирад. Дар он маънои ҳар як калимаю ибораи фразеологӣ низ шарҳу эзоҳ ёфта, ҳамчунин баъзе калимаю ибораҳои ин ё он соҳа ки бевосита ба соҳаи чорводорӣ иртибот доранд, дохил шудаанд. Фарҳанг барои доираи васеи муҳаққиқони таърихи забон, луғатшиносӣ, мардумшиносӣ, эроншиносон ва барои ҳамаи онҳое, ки ба забони яғнобӣ дилбастагӣ доранд пешбинӣ шудааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






