Фарҳанги оиладорӣ аз чӣ оғоз меёбад?

Апрель 12, 2014 10:34

Душанбе, 12.04.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Дар факултаи таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд маҳфили навбатии «Фарҳанги оиладорӣ» баргузор шуд.
Тавре ки сардори Маркази иттилоот ва таҳлили раёсати донишгоҳ  Маъмури Юсуфзод  иттилоъ дод, дар маҳфил муовини декани факултаи таърих ва ҳуқуқ Д. Самадова дар мавзӯи  «Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд аз нигоҳи ҳуқуқи оилавӣ» сухан гуфта, аз ҷумла зикр намуд, ки падару модар барои беҳдошти саломатӣ, такомули ҷисмонӣ, рӯҳӣ, маънавӣ, ахлоқӣ ва касбомӯзии фарзандонашон бояд ғамхорӣ намоянд.  Барои иҷрои уҳдадориҳои номбурда онҳо бояд асоси моддӣ тайёр намоянд. 
Муовини прокурори шаҳри Хуҷанд Муқаддас Почомуллоева доир ба ҷараёни татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва расму оинҳо» гуфт, ки ҳарчанд аз роҳандозии қонуни мазкур  6 сол сипарӣ гардид, то ҳол шаҳрвандон талаботҳои онро риоя накарда, дағалона вайрон намуда, маъракаҳои оилавии худро  бо иштироки васеи меҳмонон баргузор намуда, қонуншиканӣ мекунанд, ки ин аз фаъолияти сусти комиссияи танзими расму оин шаходат медиҳанд. Зимни санҷиши мақомоти прокуратураи шаҳри Хуҷанд дар ин самт ҳолатҳои зиёди қонуншиканӣ ошкор гардид.
 
 
 
 
 

Апрель 12, 2014 10:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик