Фарҳанги оиладорӣ аз чӣ оғоз меёбад?
Душанбе, 12.04.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Дар факултаи таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд маҳфили навбатии «Фарҳанги оиладорӣ» баргузор шуд.
Тавре ки сардори Маркази иттилоот ва таҳлили раёсати донишгоҳ Маъмури Юсуфзод иттилоъ дод, дар маҳфил муовини декани факултаи таърих ва ҳуқуқ Д. Самадова дар мавзӯи «Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд аз нигоҳи ҳуқуқи оилавӣ» сухан гуфта, аз ҷумла зикр намуд, ки падару модар барои беҳдошти саломатӣ, такомули ҷисмонӣ, рӯҳӣ, маънавӣ, ахлоқӣ ва касбомӯзии фарзандонашон бояд ғамхорӣ намоянд. Барои иҷрои уҳдадориҳои номбурда онҳо бояд асоси моддӣ тайёр намоянд.
Муовини прокурори шаҳри Хуҷанд Муқаддас Почомуллоева доир ба ҷараёни татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва расму оинҳо» гуфт, ки ҳарчанд аз роҳандозии қонуни мазкур 6 сол сипарӣ гардид, то ҳол шаҳрвандон талаботҳои онро риоя накарда, дағалона вайрон намуда, маъракаҳои оилавии худро бо иштироки васеи меҳмонон баргузор намуда, қонуншиканӣ мекунанд, ки ин аз фаъолияти сусти комиссияи танзими расму оин шаходат медиҳанд. Зимни санҷиши мақомоти прокуратураи шаҳри Хуҷанд дар ин самт ҳолатҳои зиёди қонуншиканӣ ошкор гардид.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






