Фаронсавиҳо дар Душанбе корхона месозанд

Апрель 18, 2014 10:54

Душанбе, 18.04.2011.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Тақвияти ҳамкориҳои шаҳрдории Душанбе бо ширкати фаронсавии «Итрон Франс» дар ҷараёни мулоқоти раиси шаҳри Душанбе бо мудири ширкати мазкур Карим Беннинӣ дар Душанбе матраҳ гардид.
Маҳмадсаид Убайдуллоев аз сифати корҳои анҷомдодаи ширкати «Итрон Франс» дар доираи татбиқи қарордоди DWSP2-01 «Лоиҳаи дуюми обтаъминкунии шаҳри Душанбе оид ба таҳвили 76 500 адад обҳисобкунаки ҳуҷравӣ ба КВД «Обу корези Душанбе»» изҳори қаноатмандӣ намуд. Мавсуф зикр кард, ки барои кам кардани талафот ва сарфаи оби истеҳсолшуда тавассути насби ҳисобкунакҳои обӣ, инчунин беҳдошти сатҳи хизматрасонӣ ба сокинон, шаҳрдорӣ омодааст ҳамкории мутақобилан судамандро бо ин ширкати фаронсавӣ тақвият бахшад. Дар ин росто дар мулоқот  масоили ташкили корхонаи муштараки насб ва таъмири ҳисобкунакҳои обӣ дар Душанбе матраҳ шуд. Дар иртибот ба амалисозии он ҷонибҳо ба хулоса расиданд, ки гурӯҳи кории муштарак ҷузъиёт ва асосҳои техникии масъаларо таҳлил намояд ва ба унвонии шаҳрдорӣ пешниҳод созад.
Карим Беннинӣ, ки  мудири ширкати «Итрон  Франс» оид ба фурӯш дар кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил, Аврупои Марказӣ, Баҳри Миёназамин ва Скандинавия аст, гуфт, ки тамоми зарфият ва таҷрибаашро барои тавсеаи ҳамкориҳо дар оянда равона хоҳад кард.

Апрель 18, 2014 10:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе