Фестивали китоб анҷом ёфт

Апрель 9, 2014 15:15

Душанбе, 09.04.2014.(АМИТ «Ховар», Ҳотами Шариф).-Имрӯз дар Китобхонаи давлатии бачагонаи ба номи Мирсаид Миршакар фестивали «Ҳафтаи китоби кӯдакон ва наврасони Тоҷикистон»,  ки аз  2 апрел то имрӯз идома дошт, бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷамъбаст гардид. Дар маҳфил шоирону нависандагон , фаъолони баргузории ин чорабинии муҳими фарҳангӣ қариб аз тамоми манотиқи кишвар ҳузур доштанд.  
Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбеков, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Бозоралӣ Одинаев, шоири шинохта Гулназар ҳозиринро бо ин рӯйдоди бузурги фарҳангӣ табрик гуфта, ҳамагонро ба китобдӯстӣ, китобхонӣ ва аз бар кардани илму дониши замонавӣ даъват намуданд. Ба фаъолони фестивал Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравии Вазорати фарҳанг ва Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ва сарпарастони фестивал супорида шуданд.
Ба муносибати анҷоми фестивал дар саҳни китобхона намоиш ва фурӯши китобҳои Вазорати фарҳанг, намоиши дастранҷи хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт ва намоиши театрӣ доир гардид.
Фестивал анҷом ёфт, вале лаҳзаҳои хушу хотирмони он дар ёди иштирокчиён дер гоҳ боқӣ мемонад ва он барои китобхонию китобдӯстии кӯдакон роҳи васеъ кушод. Дар ҳақиқат адабиёти бадеии бачагона дар ташаккули забону забондонӣ, инкишофи нутқи шифоҳӣ ва хаттии насли наврас нақши муассир дорад.   
 
 

Апрель 9, 2014 15:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе