Фестивали китоб анҷом ёфт
Душанбе, 09.04.2014.(АМИТ «Ховар», Ҳотами Шариф).-Имрӯз дар Китобхонаи давлатии бачагонаи ба номи Мирсаид Миршакар фестивали «Ҳафтаи китоби кӯдакон ва наврасони Тоҷикистон», ки аз 2 апрел то имрӯз идома дошт, бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷамъбаст гардид. Дар маҳфил шоирону нависандагон , фаъолони баргузории ин чорабинии муҳими фарҳангӣ қариб аз тамоми манотиқи кишвар ҳузур доштанд.
Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбеков, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Бозоралӣ Одинаев, шоири шинохта Гулназар ҳозиринро бо ин рӯйдоди бузурги фарҳангӣ табрик гуфта, ҳамагонро ба китобдӯстӣ, китобхонӣ ва аз бар кардани илму дониши замонавӣ даъват намуданд. Ба фаъолони фестивал Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравии Вазорати фарҳанг ва Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ва сарпарастони фестивал супорида шуданд.
Ба муносибати анҷоми фестивал дар саҳни китобхона намоиш ва фурӯши китобҳои Вазорати фарҳанг, намоиши дастранҷи хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт ва намоиши театрӣ доир гардид.
Фестивал анҷом ёфт, вале лаҳзаҳои хушу хотирмони он дар ёди иштирокчиён дер гоҳ боқӣ мемонад ва он барои китобхонию китобдӯстии кӯдакон роҳи васеъ кушод. Дар ҳақиқат адабиёти бадеии бачагона дар ташаккули забону забондонӣ, инкишофи нутқи шифоҳӣ ва хаттии насли наврас нақши муассир дорад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






