Форуми Ш-юми мактаббачагон дар Душанбе

Апрель 15, 2014 13:33

Душанбе, 15.04.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Имрӯз бо ташаббуси Раёсати маорифи шаҳри Душанбе бахшида ба 90-умин солгарди мақоми пойтахт форуми Ш-юми мактаббачагони шаҳри Душанбе оид ба технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ оғоз гардид. 
Чорабинии мазкур дар бинои МД «Душанбе — Плаза» ҷараён дошта, дар он аз ҷумла Акрамҷони Юсуф, хонандаи синфи 9-уми гимназияи исломӣ барномаи «Таълими  физика», Зоҳир Назаров, хонандаи синфи 10-и гимназияи иқтисодии шаҳри Душанбе бо барномаи «Сомона» бахшида ба 90-солагии пойтахт, Одилҷон Азизмуродов, хонандаи синфи 11-и литсейи ДДТТ бо барномаи «Системаи идоракунии муассисаи таълимӣ» ва дигар хонандагон барномаҳои худро пешниҳод намуданд.
Дар форум Комилҷон Холов, директори Маркази кӯдакон ва наврасони  Душанбе, Асомиддин Атоев ва дигар шахсони марбути соҳа ширкат варзида, ба барномаҳои электронии пешниҳоднамудаи мактаббачагон доварӣ доранд.
Форум пагоҳ, соати 10:00 корашро ба анҷом мерасонад.
 

Апрель 15, 2014 13:33

Хабарҳои дигари ин бахш