Фурудгоҳи Душанбе ба реҷаи тобистона гузашт
Душанбе, 05.04.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Мутобиқи ҷадвали тобистонаи парвозҳо дар хатсайри Душанбе-Маскав шабонарўзӣ 4 рейс дар назар дошта шудааст ва ҳар ҳафта дар ин самт 28 парвоз амалӣ мешавад. Парвозҳоро ширкатҳои ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр», «Сомон эйр» ва «Ют эйр» анҷом медиҳанд.
Оғоз аз 14 апрели соли ҷорӣ ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» тасмим гирифтааст дар хатсайри Душанбе-Гуанҷоуи кишвари Чин парвозҳоро амалӣ намояд. Алъон дар назар аст парвозҳо ҳафтае як маротиба, рўзи душанбе сурат гиранд.
Чадвали тобистонаи парвозҳо аз 30-юми март то 30-юми июни соли ҷориро дар бар мегирад.
Мутобиқи ҷадвали тобистонаи парвозҳо дар айни замон бо фурудгоҳи Душанбе 20 ширкати ҳавопаймоӣ ҳамкорӣ менамояд. Дар назар аст, дар ҳамин давра ду ширкати дигари ҳавопаймоӣ-«Эйр Арабиан» дар хатсайри «Шарҷа-Душанбе-Шарҷа» ва ширкати ҳавопаймоии «Международные авиалинии» дар хатсайри Киев-Душанбе-Киев ба фаъолият шурўъ кунанд. Бо роҳандозӣ намудани хатсайрҳои номбурда теъдоди ширкатҳои ҳавопаймоие, ки бо фурудгоҳи Душанбе ҳамкорӣ доранд, ба 22 адад мерасад.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» М. Шодиев хабар дод.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






