Гидроагрегати якуми НБО «Сангтӯда — 1» таъмир мешавад
Душанбе, 10.04.2014. (АМИТ «Ховар, Екатерина Пасторова). — Назар ба хабари хадамоти матбуоти НБО «Сангтӯда — 1», гидроагрегати рақами 1 — уми нерӯгоҳ таъмир карда мешавад.
Мувофиқи маълумоти манбаъ, гидроагрегат дар ҳошияи барномаи барои соли 2014 пешбинишуда таъмир шуда, дар аввали моҳи майи соли ҷорӣ мавриди истифода қарор мегирад.
Дар ин муддат мутахассисон турбина, қисми механикию барқии генератор, чархи ҳаракатдиҳанда, қисми обгузари агрегат ва системаи танзиму сардшавии онро таъмир менамоянд.
Таъмири асосии гидроагрегат, ки 20 январи соли 2008 мавриди истифода қарор гирифта буд, бо қувваи коргарони нерӯгоҳи барқӣ бидуни ҷалби ташкилотҳои пудратӣ сурат мегирад.
Хотирнишон месозем, ки қариб 15 фоизи тавлиди умумии нерӯи барқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳиссаи НБО «Сангтӯда — 1» аст. Иқтидори нерӯгоҳи мазкур 670 мегаваттро ташкил медиҳад.








SIM ё eSIM: чаро муштариён кортҳои электрониро интихоб мекунанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд






