Го Шенкун: Тоҷикистон — кишвари офтобӣ ва манбаи неруст

Апрель 21, 2014 09:54

Душанбе, 21.04.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- 19-уми апрели соли ҷорӣ аъзои Шӯрои давлатӣ, вазири бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин Го Шенкун ба Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.  
Го Шенкун нахуст бо лоиҳаи тарҳи бинои таълимии Академияи ВКД, шиносоӣ пайдо намуд. Раҳимзода Рамазон Ҳамро, вазири корҳои дохилии ҶТ зикр кард, ки сохтмони бинои таълимии Академияи ВКД дар масоҳати 5 гектар  бо тамоми шароити ҳозиразамон ва факултаҳои нав барои рушду такомул ёфтани малакаю маҳорати курсантону шунавандагон бунёд хоҳад ёфт.
Оид ба таърих, фаъолият ва таълиму дарсомӯзии муҳасаллини Академияи ВКД филми кӯтоҳи мустанад намоиш дода шуд.
Баъдан дар саҳни академия бо сафороии қаровулони фахрӣ ва таҳти мусиқии мутантан курсантони академия бо гузашти низомӣ ба вазирони ҳарду ҷониб салом доданд. Аз ҷониби кормандони дастаи таъйиноти махсуси милитсия ва ротаи махсуси зудамали милитсия машқҳои намоишӣ оид ба безарар гардонидани террористони шартӣ ва гаравгонҳои шартӣ намоиш дода шуданд. 
Вазири бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин Го Шенкун аз меҳмоннавозӣ ва пазироии ҷониби Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ намуда, зикр кард, ки Тоҷикистон — кишвари офтобӣ ва манбаи неруст.
 

Апрель 21, 2014 09:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад