Го Шенкун: Тоҷикистон — кишвари офтобӣ ва манбаи неруст
Душанбе, 21.04.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- 19-уми апрели соли ҷорӣ аъзои Шӯрои давлатӣ, вазири бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин Го Шенкун ба Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.
Го Шенкун нахуст бо лоиҳаи тарҳи бинои таълимии Академияи ВКД, шиносоӣ пайдо намуд. Раҳимзода Рамазон Ҳамро, вазири корҳои дохилии ҶТ зикр кард, ки сохтмони бинои таълимии Академияи ВКД дар масоҳати 5 гектар бо тамоми шароити ҳозиразамон ва факултаҳои нав барои рушду такомул ёфтани малакаю маҳорати курсантону шунавандагон бунёд хоҳад ёфт.
Оид ба таърих, фаъолият ва таълиму дарсомӯзии муҳасаллини Академияи ВКД филми кӯтоҳи мустанад намоиш дода шуд.
Баъдан дар саҳни академия бо сафороии қаровулони фахрӣ ва таҳти мусиқии мутантан курсантони академия бо гузашти низомӣ ба вазирони ҳарду ҷониб салом доданд. Аз ҷониби кормандони дастаи таъйиноти махсуси милитсия ва ротаи махсуси зудамали милитсия машқҳои намоишӣ оид ба безарар гардонидани террористони шартӣ ва гаравгонҳои шартӣ намоиш дода шуданд.
Вазири бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин Го Шенкун аз меҳмоннавозӣ ва пазироии ҷониби Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ намуда, зикр кард, ки Тоҷикистон — кишвари офтобӣ ва манбаи неруст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






