Гузаргоҳи Қулма ба реҷаи муқаррарӣ мегузарад
Хоруғ, 19.04.2014. (АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).- Аз 20-уми апрел ҳаракати нақлиёт тавассути гузаргоҳи Қулма бо реҷаи доимӣ роҳандозӣ мешавад. Дар ин бора муовини раиси ВМКБ Исрор Исроров ба хабаргузориҳо иттилоъ дод.
Ба гуфтаи манбаъ аз моҳи декабр бинобар душвориҳои фасли зимистон ҳаракат аз тариқи гузаргоҳи Қулма маҳдуд шуда, моҳе ду маротиба ба муҳлати се рӯзӣ сурат мегирифт.
Бо супориши Президенти кишвар бо назардошти муҳимияти роҳ ҳаракати нақлиёт дар фасли зимистон як рӯзӣ зиёд шуда, дар моҳи март гузаргоҳ дар маҷмӯъ 8 рӯз барои убури нақлиёт боз буд.
Дар аввали моҳи апрел ҳам гузаргоҳ чор рӯз барои нақлиёт боз буд ва он шурӯъ аз 20-уми апрел ба реҷаи доимӣ мегузарад.
Бино ба иттилои Раёсати гумруки ВМКБ соли гузашта пардохтҳои гумрукӣ аз фаъолияти Қулма бештар аз 43 миллион сомониро ташкил дода, ҳамчунин дар ин давра ба маблағи бештар аз 45 миллион доллар молу коло тавассути ин гузаргоҳ ба Тоҷикистон ворид шудааст.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






