Х. Холиқназар: Соҳаи энергетика нақши калидӣ дорад
Душанбе, 29.04.2014 (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Имрӯз дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (МТС) конфронси илмию амалӣ дар мавзӯи «Таъмини амнияти энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон: масъалаҳо ва ҷараёнҳои иқтисодии ҳалли онҳо» баргузор гардид. Худобердӣ Холиқназар, директори МТС иброз намуд, ки яке аз самтҳои асосие, ки дар марҳалаи кунунӣ барои татбиқи муваффақонаи ҳадафҳои миллӣ нақши калидӣ дорад, рушди босуръати соҳаи энергетикаи кишвар мебошад. Ӯ ҳамчунин аз суханони Сардори Давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба МО ҶТ ёдовар шуда, гуфт, ки: «Рушди имрӯзу фардои тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ аз истифодаи боигарии асосии мамлакат, яъне захираҳои гидроэнергетикӣ вобастагии бузург дорад, зеро ягон кишвари дунё бе рушди энергетика, инчунин коммуникатсияи ҳозиразамон тараққӣ карда наметавонад». Маҳз ба ҳамин хотир, бояд ба бунёди нерӯгоҳҳои хурду бузурги барқи обӣ ва сохтмони зеристгоҳҳо вусъат бахшида, ба ҳамин васила ба истиқлолияти энергетикӣ муяссар гардем.
Дар конфронс масъалаҳои вазъи амнияти энергетикӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, чораҳои таъмини рушди устувори иқтисодиёт бо такя ба иқтидору имкониятҳои инкишофи маҷмӯи сӯзишворию энергетика, воситаю ҷараёнҳои таъмини дастрасии устувор ба сӯзишворию қувваи барқ баррасӣ гардиданд. Ҳамчунин ба вазъи инкишофи маҷмӯи сӯзишворию энергетикӣ, аз ҷумла таҳлили мувозинаи сӯзишворию энергетикии ҷумҳурӣ, тамоюлҳо дар инкишофи саноати ангишт ва нафту газ , сиёсати нархгузорӣ ба қувваи барқ ва сӯзишворӣ дар ҷумҳурӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.
Дар кори конфронс намояндагони сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ, муассисаҳои илмию таълимӣ, коршиносони соҳавӣ, ташкилотҳои ватанию хориҷӣ ва хабарнигорони ВАО иштирок намуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе






