Х. Холиқназар: Соҳаи энергетика нақши калидӣ дорад

Апрель 29, 2014 10:27

 
Душанбе, 29.04.2014 (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Имрӯз дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (МТС) конфронси илмию амалӣ дар мавзӯи «Таъмини амнияти энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон: масъалаҳо ва ҷараёнҳои иқтисодии ҳалли онҳо»  баргузор гардид. Худобердӣ Холиқназар, директори  МТС иброз намуд, ки яке аз самтҳои асосие, ки дар марҳалаи кунунӣ барои татбиқи муваффақонаи ҳадафҳои миллӣ нақши калидӣ дорад, рушди босуръати соҳаи энергетикаи кишвар мебошад. Ӯ ҳамчунин  аз суханони Сардори Давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба МО ҶТ ёдовар шуда, гуфт, ки:  «Рушди имрӯзу фардои тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ аз истифодаи боигарии асосии мамлакат, яъне захираҳои гидроэнергетикӣ вобастагии бузург дорад, зеро ягон кишвари дунё бе рушди энергетика, инчунин коммуникатсияи ҳозиразамон тараққӣ карда наметавонад». Маҳз ба ҳамин хотир, бояд ба бунёди нерӯгоҳҳои хурду бузурги барқи обӣ ва сохтмони зеристгоҳҳо вусъат бахшида, ба ҳамин васила ба истиқлолияти энергетикӣ муяссар гардем.
Дар конфронс масъалаҳои вазъи амнияти энергетикӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, чораҳои таъмини рушди устувори иқтисодиёт бо такя ба иқтидору имкониятҳои инкишофи маҷмӯи сӯзишворию энергетика, воситаю ҷараёнҳои таъмини дастрасии устувор ба сӯзишворию қувваи барқ баррасӣ гардиданд.  Ҳамчунин ба вазъи инкишофи маҷмӯи  сӯзишворию энергетикӣ, аз ҷумла таҳлили мувозинаи сӯзишворию энергетикии ҷумҳурӣ, тамоюлҳо дар инкишофи саноати ангишт ва нафту газ , сиёсати нархгузорӣ ба қувваи барқ ва сӯзишворӣ дар ҷумҳурӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.
Дар кори конфронс намояндагони сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ, муассисаҳои илмию таълимӣ, коршиносони соҳавӣ, ташкилотҳои ватанию хориҷӣ ва хабарнигорони ВАО иштирок намуданд.
 
 
 
 
 
 
 

Апрель 29, 2014 10:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст