Хатлон нахустихтиёриёнро ба артиш фиристод

Апрель 4, 2014 12:11

 

Душанбе, 04.04.2014. (АМИТ «Ховар, Мурод  Сотиев). —  3  апрел  100 нафар  ихтиёриёни ноҳияҳои  вилояти  Хатлон  барои адои  хидмат дар  сафҳои Қувваҳои  мусаллаҳи  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  фиристода шуданд.
Маросими  гусели  даъватшавандагон  бо  иштироки  роҳбарияти   вилояти  Хатлон,   волидайн ва  хешу  табори  онҳо,  собиқадорони  ҷангу  меҳнат,  ҳамчунин  намояндагони  аҳли  ҷомеа  сурат  гирифт.
Раиси  вилоят Давлатшо Гулмаҳмадов зикр  намуд, ки  хидмат  дар  сафҳои  Қувваҳои  мусаллаҳ  вазифаи  ҳар  шаҳрванди  кишвар  аст. 
Раиси  вилоят  ҳамчунин  иброз  дошт, ки  теъдоди  ихтиёриёне, ки  хоҳиши  адои  хидмат  дар сафҳои  Қувваҳои  мусаллаҳи  кишварро  доранд,  бамаротиб  меафзояд. 
Дар  маросими ботантанаи гусели  ихтиёриён  аз  номи  роҳбарияти  вилояти  Хатлон  ба  онҳо туҳфаҳои  хотиравӣ  тақдим  шуданд. 
Давлатшо Гулмаҳмадов  хамчунин  бо  кори  комиссияи вилоятии даъват  ба  сафҳои  артиш  шинос  шуд.
 

 

Апрель 4, 2014 12:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!