ХМ хизматрасонии тиббӣ ба муҳоҷиронро беҳтар мекунад

Апрель 11, 2014 10:30

Душанбе, 11.04.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Дар Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 апрели соли 2014 ҷамъбасти фаъолияти семоҳаи соли 2014 ва вазифаҳои навбатӣ барои нимсолаи аввали соли 2014 баргузор гардид. 
Дар ҷаласаи ҷамъбастӣ муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Н.Маҳмадуллоев, сардори Хадамоти муҳоҷират (ХМ) А.Бобоев, сардори Сарраёсати муҳоҷирати меҳнатӣ Т.Шарипов, ҳамчунин сардорон ва муовинони раёсатҳо, шуъбаҳо ва сохторҳои зертобеи он дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок намуданд.
Толибҷон Шарипов оид ба ҷамъбасти фаъолияти хадамот дар семоҳаи аввали соли 2014 сухан карда, зикр дошт, ки бо мақсади танзими муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа Хадамоти муҳоҷират ду лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳоҷирати меҳнатӣ» ва «Дар бораи агентиҳои хусусии шуғл»-ро бо назардошти хулосаҳои вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ ҷамъбаст намуда, аз 16 январи соли 2014 ба унвонии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кард.
Яке аз дастовардҳое, ки дар кори амалӣ намудани «Стратегияи миллии муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа барои солҳои 2011-2015» ба Хадамоти муҳоҷират дар давраи ҳисоботӣ муяссар гардид, ин ба роҳ мондани корҳои иттилоотӣ ва фаҳмондадиҳӣ дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ, аъзои оилаи онҳо ва сокинони кишвар дар ҳамаи манотиқи ҷумҳурӣ ва таъмин намудани онҳо бо маводи чопии иттилоотӣ мебошад.
Агар дар давоми соли 2013 ба бахши қабул ва маслиҳатдиҳии Хадамоти муҳоҷират танҳо 825 нафар бо дархост муроҷиат карда бошанд, пас дар се моҳи аввали соли ҷорӣ шумораи муроҷиаткунандагон барои гирифтани маслиҳатҳои муфид 26 ҳазору 900 нафарро ташкил дод, ки ин нишондод ба ҳамин давраи соли гузашта 32 маротиба зиёд мебошад. 
Бо мақсади беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ лоиҳаи созишнома ба эътирофи якҷояи хулосаҳои тиббӣ оид ба ҳолати саломатии муҳоҷирони меҳнатӣ дар давлатҳои аъзои Иттиҳоди иқтисоии Аврупо ва Осиё (ИИАО) таҳия гардида, аз тарафи Комиссияи доимии намояндагон дар назди Иттиҳоди иқтисодии Аврупо ва Осиё тасдиқ гардид. Дар айни замон тибқи маълумоти  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати мазкур дар сатҳи мувофиқаи байнидавлатӣ қарор дорад. 
Дар ҷаласа, аз ҷумла ҳисоботи сардорони раёсатҳои Хадамоти муҳоҷират дар ВМКБ, Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва навоҳии тобеи ҷумҳурӣ, инчунин раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии Хадамоти муҳоҷират оид ба фаъолияти семоҳа ва камбудиҳои ҷойдошта шунида шуд. 
 
 

Апрель 11, 2014 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар Конибодом ба хонандагон либосҳои мактабӣ ва ашёи хониш тақдим гардид
Дар Душанбе дар мавзуи «Навсозии Чин» конференсия баргузор гардид
Истиқлоли давлатӣ омили калидии сиёсати муваффақи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ аст
МегаФон Тоҷикистон бурди миллион сомонӣ ва туҳфаҳои дигари олиҷанобро доир менамояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Дар Бохтар ба кӯдакони ятим ва ниёзманд либосҳои мактабию лавозимоти хониш тақдим гардид
Дар палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон бо ҳайати Ҷумҳурии Мардумии Чин мулоқот доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 1,9 миллион либоси мактабӣ истеҳсол карда шудааст
ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ. Дар Гулистон давраи мутобиқшавии хонандагони синфи якум идома дорад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Ҳисор ба кӯдакону наврасони ятим либоси мактабӣ ва ашёи хониш тақдим гардид