ХМ хизматрасонии тиббӣ ба муҳоҷиронро беҳтар мекунад
Душанбе, 11.04.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Дар Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 апрели соли 2014 ҷамъбасти фаъолияти семоҳаи соли 2014 ва вазифаҳои навбатӣ барои нимсолаи аввали соли 2014 баргузор гардид.
Дар ҷаласаи ҷамъбастӣ муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Н.Маҳмадуллоев, сардори Хадамоти муҳоҷират (ХМ) А.Бобоев, сардори Сарраёсати муҳоҷирати меҳнатӣ Т.Шарипов, ҳамчунин сардорон ва муовинони раёсатҳо, шуъбаҳо ва сохторҳои зертобеи он дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок намуданд.
Толибҷон Шарипов оид ба ҷамъбасти фаъолияти хадамот дар семоҳаи аввали соли 2014 сухан карда, зикр дошт, ки бо мақсади танзими муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа Хадамоти муҳоҷират ду лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳоҷирати меҳнатӣ» ва «Дар бораи агентиҳои хусусии шуғл»-ро бо назардошти хулосаҳои вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ ҷамъбаст намуда, аз 16 январи соли 2014 ба унвонии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кард.
Яке аз дастовардҳое, ки дар кори амалӣ намудани «Стратегияи миллии муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа барои солҳои 2011-2015» ба Хадамоти муҳоҷират дар давраи ҳисоботӣ муяссар гардид, ин ба роҳ мондани корҳои иттилоотӣ ва фаҳмондадиҳӣ дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ, аъзои оилаи онҳо ва сокинони кишвар дар ҳамаи манотиқи ҷумҳурӣ ва таъмин намудани онҳо бо маводи чопии иттилоотӣ мебошад.
Агар дар давоми соли 2013 ба бахши қабул ва маслиҳатдиҳии Хадамоти муҳоҷират танҳо 825 нафар бо дархост муроҷиат карда бошанд, пас дар се моҳи аввали соли ҷорӣ шумораи муроҷиаткунандагон барои гирифтани маслиҳатҳои муфид 26 ҳазору 900 нафарро ташкил дод, ки ин нишондод ба ҳамин давраи соли гузашта 32 маротиба зиёд мебошад.
Бо мақсади беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ лоиҳаи созишнома ба эътирофи якҷояи хулосаҳои тиббӣ оид ба ҳолати саломатии муҳоҷирони меҳнатӣ дар давлатҳои аъзои Иттиҳоди иқтисоии Аврупо ва Осиё (ИИАО) таҳия гардида, аз тарафи Комиссияи доимии намояндагон дар назди Иттиҳоди иқтисодии Аврупо ва Осиё тасдиқ гардид. Дар айни замон тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати мазкур дар сатҳи мувофиқаи байнидавлатӣ қарор дорад.
Дар ҷаласа, аз ҷумла ҳисоботи сардорони раёсатҳои Хадамоти муҳоҷират дар ВМКБ, Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва навоҳии тобеи ҷумҳурӣ, инчунин раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии Хадамоти муҳоҷират оид ба фаъолияти семоҳа ва камбудиҳои ҷойдошта шунида шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






