Холназар Гулмадов узви ягон ҳизб набудаст!

Апрель 4, 2014 15:55

Душанбе, 4.04.2014. (АМИТ «Ховар»). — Бори аввал дар саҳифаи интернетии «faraj.tj» ва баъдан тариқи ҳафтаномаи «Фараж» исми Холназар Гулмамадов, сокини ноҳияи Восеи вилояти Хатлон, ки гӯё узви Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон мебошаду бо гумони таҷовуз ба номуси зани тағояш аз ҷониби мақомоти қудратӣ дастгир шудааст, расонаӣ гардид.  Муаллифи сатрҳо бо номи мустаори Ҳамнози Шуҷоъ матлаби мазкурро рӯйи чоп овардааст. Имрўз баъд аз зуҳр баёнияи эътирозии Холназар Гулмадов дар сомонаи «youtube.com» пайдо шуд, ки ин иддаои муаллифро комилан рад мекунад.Гулмадов Х. дар муроҷиатномааш бо як навъ эҳсосот таъкид менамояд, ки ҳеҷ гоҳ аъзои ҲХДТ ва ягон ҳизби дигар набудааст ва ҳамзамон барои эҳтимоли таҷовуз ба номуси касе боздошт нагардидааст.  Ӯ зимни муроҷиатномааш аз масъулини соҳа тақозои ба ҷавобгарӣ кашидани муаллифи ин сатрҳоро кардааст.

Апрель 4, 2014 15:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад