Холназар Гулмадов узви ягон ҳизб набудаст!
Душанбе, 4.04.2014. (АМИТ «Ховар»). — Бори аввал дар саҳифаи интернетии «faraj.tj» ва баъдан тариқи ҳафтаномаи «Фараж» исми Холназар Гулмамадов, сокини ноҳияи Восеи вилояти Хатлон, ки гӯё узви Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон мебошаду бо гумони таҷовуз ба номуси зани тағояш аз ҷониби мақомоти қудратӣ дастгир шудааст, расонаӣ гардид. Муаллифи сатрҳо бо номи мустаори Ҳамнози Шуҷоъ матлаби мазкурро рӯйи чоп овардааст. Имрўз баъд аз зуҳр баёнияи эътирозии Холназар Гулмадов дар сомонаи «youtube.com» пайдо шуд, ки ин иддаои муаллифро комилан рад мекунад.Гулмадов Х. дар муроҷиатномааш бо як навъ эҳсосот таъкид менамояд, ки ҳеҷ гоҳ аъзои ҲХДТ ва ягон ҳизби дигар набудааст ва ҳамзамон барои эҳтимоли таҷовуз ба номуси касе боздошт нагардидааст. Ӯ зимни муроҷиатномааш аз масъулини соҳа тақозои ба ҷавобгарӣ кашидани муаллифи ин сатрҳоро кардааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






