Хуҷанд: сафарбаркунии аввалини даъватшавандагон

Апрель 2, 2014 10:51

Хуҷанд, 02.04.2014. (АМИТ “Ховар”,Абдуаҳад  Шарифзода).-Шурӯъ аз 1-уми апрел дар кишвар даъвати баҳорӣ ба сафи нируҳои мусаллаҳи Тоҷикистон оғоз гардид. Дар шаҳри Хуҷанд низ баҳри таъмини даъвати баҳорӣ таҳти роҳбарии муовини аввали раиси шаҳр ситоди даъвати баҳорӣ ташкил шудааст.  Гурӯҳи аввали даъватшавандагони Хуҷандшаҳр ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар иборат аз 50 нафар имрӯз, 2 апрел сафарбар мешаванд. 
Тибқи иттилои мақомоти маҳаллӣ, чун ҳамасола соли равон низ тантанаи гусели гурӯҳи аввалини даъватшавандагон   дар назди майдони Исмоили Сомонии шаҳр доир мегардад. Мувофиқ ба маълумоти манбаъ ҳамасола аз шаҳри Хуҷанд тибқи тақсимот 160 нафар ҷавон ба хизмат сафарбар мешавад. 
Сафарбаркунии гурӯҳи аввалини даъватшавандагони вилояти Суғд ба қисмҳои низомии кишвар  4 апрел дар назар гирифта шудааст. 
Хотиррасон мекунем, ки даъвати баҳорӣ аз 1 апрел оғоз ёфта, то 31 май давом мекунад. 

 

Апрель 2, 2014 10:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе