Иқдоми хайриявии «АксесБонк»

Апрель 8, 2014 11:56

Душанбе, 08.04.2014. (АМИТ «Ховар, Кристина  Эрлих). – «АксесБонки  Тоҷикистон» тасмим  гирифт, ки  чорумин  соли  таъсисёбиашро  бо  иқдоми  хайриявӣ  дар  хонаҳои  бачагон  ва кӯдакистону  мактабҳо қайд  намояд.  Дар  ин  бора  аз  Ҷамъияти саҳҳомии  пӯшидаи «Асесбонки Тоҷикистон» ба  АМИТ «Ховар»  хабар  доданд.
Мувофиқи  суханони  манбаъ, бонки  мазкур  тайи  моҳи  марти  соли  ҷорӣ  як  қисми фоидаи  қарзҳоро ба бунёди  хайрия  ворид  намуда,  баъдан  онро  барои  расонидани  кӯмаки  хайриявӣ  ба Кӯдакистони «Чашма» — и  шаҳри  Душанбе, Хонаи  кӯдакони  синни  томактабии  рақами 1  — и пойтахт,  Мактаб —  интернати  махсуси рақами  2  — и шаҳри  Душанбе, Хонаи бачагони  рақами  2 – и  пойтахт,  Мактаби  махс3си  шаҳри  Хуҷанд, Хонаи  кӯдакони  Турсунзода,  Кӯдакистони «Баҳористон» — и   шаҳри  Қӯрғонтеппа  истифода намуд. 
Ҷамъияти саҳҳомии  пӯшидаи «АксесБонк  Тоҷикистон»  ҳар   сол  бахшида ба рӯзи  таъсисёбиаш  иқдоми  хайриявиро  роҳандозӣ  мекунад.  Масалан, бонки  мазкур  соли  гузашта озмуни  расмҳои  кӯдаконро  ташкил  намуда,  аз рӯи  натиҷаи он  дар  мактабе, ки  хонандагонаш  ғолиби  он  гардида буданд, майдончаи  кӯдаконро  бунёд  намуд. 

Апрель 8, 2014 11:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик