Иқдоми хайриявии «АксесБонк»
Душанбе, 08.04.2014. (АМИТ «Ховар, Кристина Эрлих). – «АксесБонки Тоҷикистон» тасмим гирифт, ки чорумин соли таъсисёбиашро бо иқдоми хайриявӣ дар хонаҳои бачагон ва кӯдакистону мактабҳо қайд намояд. Дар ин бора аз Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи «Асесбонки Тоҷикистон» ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Мувофиқи суханони манбаъ, бонки мазкур тайи моҳи марти соли ҷорӣ як қисми фоидаи қарзҳоро ба бунёди хайрия ворид намуда, баъдан онро барои расонидани кӯмаки хайриявӣ ба Кӯдакистони «Чашма» — и шаҳри Душанбе, Хонаи кӯдакони синни томактабии рақами 1 — и пойтахт, Мактаб — интернати махсуси рақами 2 — и шаҳри Душанбе, Хонаи бачагони рақами 2 – и пойтахт, Мактаби махс3си шаҳри Хуҷанд, Хонаи кӯдакони Турсунзода, Кӯдакистони «Баҳористон» — и шаҳри Қӯрғонтеппа истифода намуд.
Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи «АксесБонк Тоҷикистон» ҳар сол бахшида ба рӯзи таъсисёбиаш иқдоми хайриявиро роҳандозӣ мекунад. Масалан, бонки мазкур соли гузашта озмуни расмҳои кӯдаконро ташкил намуда, аз рӯи натиҷаи он дар мактабе, ки хонандагонаш ғолиби он гардида буданд, майдончаи кӯдаконро бунёд намуд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






