Идомаи амалиёти «Соҳили тоза»

Апрель 28, 2014 16:42

Хоруғ, 28.04.2014. (АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).- Раёсати  ҳифзи муҳити  зист дар ВМКБ бо ҷалби сокинони вилоят, кормандони идораву муассисаҳо ва толибилмони муассисаҳои таълимӣ ҳафтаи дуввум боз ба поксозии соҳили рӯдхонаҳои Панҷ ва Ғунд машғул мебошад. Баргузории иқдоми «Соҳили тоза», ки дар  ҷараёни он соҳили рӯду дарёҳо ва чашмаву ҷӯйборҳо аз партовҳо тоза мешаванд, аз ҷумлаи тадбирҳоест, ки ба баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ мусоидат менамояд. 
     Дар иқдоми навбатӣ, ки дар маркази вилоят-шаҳри Хоруғ доир гардид, хонандагони мактабҳои шаҳр ширкати фаъолона дошта, соҳили рӯдхонаи Ғундро, ки шаҳрро ба ду қисмат ҷудо месозад, аз партовҳо тоза намуданд. 
     Чун солҳои 2005-2015 маҳз бо ташаббуси ҷониби Тоҷикистон ва дастгирии 141 кишвари ҷаҳон аз ҷониби СММ «Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт»» эълон гардид, кормандони раёсати ҳифзи муҳити зисти ВМКБ бо дарки масъулияти баланд бо истифода аз рӯзҳои истироҳат ба тоза  намудани соҳили дарёву рӯдхонаҳо аз партов машғул гашта, ҳамчунин ҷиҳати пешгирии партофтани партов дар ин ҷойҳо дар байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ доир  менамоянд. 
     Доир намудани ин гуна иқдомҳо аз як ҷониб ба тозагии муҳити зист ва аз ҷониби дигар ба баланд бардоштани маърифати экологии мардум мусоидат менамояд. 
 
 
 
 

Апрель 28, 2014 16:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик