Идомаи амалиёти «Соҳили тоза»
Хоруғ, 28.04.2014. (АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).- Раёсати ҳифзи муҳити зист дар ВМКБ бо ҷалби сокинони вилоят, кормандони идораву муассисаҳо ва толибилмони муассисаҳои таълимӣ ҳафтаи дуввум боз ба поксозии соҳили рӯдхонаҳои Панҷ ва Ғунд машғул мебошад. Баргузории иқдоми «Соҳили тоза», ки дар ҷараёни он соҳили рӯду дарёҳо ва чашмаву ҷӯйборҳо аз партовҳо тоза мешаванд, аз ҷумлаи тадбирҳоест, ки ба баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ мусоидат менамояд.
Дар иқдоми навбатӣ, ки дар маркази вилоят-шаҳри Хоруғ доир гардид, хонандагони мактабҳои шаҳр ширкати фаъолона дошта, соҳили рӯдхонаи Ғундро, ки шаҳрро ба ду қисмат ҷудо месозад, аз партовҳо тоза намуданд.
Чун солҳои 2005-2015 маҳз бо ташаббуси ҷониби Тоҷикистон ва дастгирии 141 кишвари ҷаҳон аз ҷониби СММ «Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт»» эълон гардид, кормандони раёсати ҳифзи муҳити зисти ВМКБ бо дарки масъулияти баланд бо истифода аз рӯзҳои истироҳат ба тоза намудани соҳили дарёву рӯдхонаҳо аз партов машғул гашта, ҳамчунин ҷиҳати пешгирии партофтани партов дар ин ҷойҳо дар байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ доир менамоянд.
Доир намудани ин гуна иқдомҳо аз як ҷониб ба тозагии муҳити зист ва аз ҷониби дигар ба баланд бардоштани маърифати экологии мардум мусоидат менамояд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид






