Ифтитоҳи маркази иттилоотӣ-омӯзишӣ
Душанбе, 10.04.2014.(АМИТ “Ховар”, Марзия Саидзода).- Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон /(ҶҲАТ/ бо дастгирии Намояндагии Федератсияи байналмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар Тоҷикистон /ФБҶ СС ва ҲА/) имрӯз дар шаҳри Қӯрғонтеппа нахустин Маркази иттилоотӣ-омӯзишии худро барои муҳоҷирони корӣ ва аҳли хонадони онҳо ифтитоҳ кард. Дар марказ муҳоҷирони эҳтимолии корӣ, муҳоҷирони бозгашта, инчунин аҳли хонадони онҳо имкон доранд, ройгон машваратҳо дар мавзӯи ВИЧ/СПИД ва ҳаққи қонунии дастрасӣ ба хидматгузориҳои тиббӣ дар Русия машваратҳои ҳуқуқӣ бигиранд. Инчунин ройгон забони русӣ ва кор бо роёна ва барномаҳои тозатарини фанновариҳои иттилоотӣ барои тамос бо наздиконашонро биомӯзанд. Маркази мазкур бо дастгирии намояндагии ФБҶ СС ва ҲА дар Тоҷикистон бо маблағгузории созмони ҷамъиятии “СПИДинфосвяз”- и Русия дар доираи барномаи «Мусоидат ба кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ дар мубориза бо бемориҳои сироятӣ» боз гардид. Ҳадафи лоиҳаи мазкури ҶҲАТ, ки аз ҷониби “СПИД инфосвяз” пуштибонӣ мешавад, баланд бардоштани сатҳи зиндагии муҳоҷирони кории деҳотҷой ва хонадони онҳо ба воситаи беҳтар кардани дастрасии онҳо ба хидматгузориҳои тиббӣ-иҷтимоӣ ва баланд бардоштани огаҳии ҳуқуқияшон аст. Лоиҳа аз ду бахши асосӣ — фаъолияти иттилоотӣ дар миёни аҳолӣ ва ироаи ёрии ташхиси тиббӣ ба мардум аз ҷониби мутахассисиони маҷмаи худрави тиббӣ иборат аст, ки ин қисматро созмони ҷамъиятии “Амирҷон” бар дӯш дорад. Ирина Костетская, муовини раиси “СПИД инфосвяз”, мегӯяд: «Фаъолиятҳои мазкур бахше аз ҳузури Русия дар барномаҳои байналмилалии ёрӣ ба рушд дар соҳаи тандурустӣ ба ҳайси кишвари маблағгузор аст ва дар ҳамкорӣ бо UNAIDS роҳандозӣ мегардад».








Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад






